ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Идораи зиндонҳои Русия аз анҷоми амалиёти озодсозии нозирони гаравгонгирифташуда дар боздоштгоҳи Ростови лаби Дон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, муттаҳамон, ки даст ба гаравгонгирӣ задаанд, нобуд карда шуда, нозирон бидуни осеби ҷиддӣ халос гардиданд. Танҳое яке аз гаравгонҳо осеби сабук бардоштаст.
"Маҳбусоне, ки дар СИЗО-и Ростов, ду корманди зиндонро асир гирифтанд, нобуд карда шуданд ва ба гаравгонҳо осеб нарасидааст", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар Ростов шаш маҳбус ду корманди СИЗО-ро гаравгон гирифтанд.
Ҷинояткорон ба ҷиноятҳои террористӣ муттаҳам мешаванд ва дар наворҳое, ки аз боздоштгоҳ нашр намуданд, парчами созмони террористии ДИИШ*-ро намоиш медоданд.
Онҳо бо корд, табарҳои оташнишонӣ ва калтакҳои резинӣ мусаллащ буданд.
Ҷинояткорон мошин ва ҳаракати озод ба берун аз боздоштгоҳи муваққатиро талаб карда буданд. Онҳоро дар хонаҳои гуногун нигоҳ медоштанд, аммо дар байни онҳо робита вуҷуд дошт.
Амали онҳо пешакӣ тарҳрезӣ шудааст ва имкон аст, ки ба онҳо кумак низ шуда бошад. Кумитаи тафтишоти Русия парвандаи ҷиноӣ боз карда, феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистону Русия