Ҳушдори КҲФ аз ҳавои хатарзо дар Тоҷикистон

КҲФ Тоҷикистон тавсия додааст, ки аз сафар ва сайругашт, ҷамъоварии ҳезум, гиёҳ ва шикор дар доманакуҳҳо ва манотиқи кӯҳистонии кишвар худдорӣ намоед
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз хатари офатҳои табиӣ ҳушдор дод.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар додааст.
Ҳамин тариқ, рӯзҳои 15-17 июни соли 2024 дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли омадани сел вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, наҷотдиҳандагон ба сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ тавсия медиҳанд, ки аз сафар ба минтақаҳои хатарнок, аз ҷумла манотиқи кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Инчунин аз аҳолӣ дархост карда мешавад, ки роҳҳо, занбӯрҳо ва каналҳои назди хонаҳоро аз хасу хошок, сангу рег зуд тоза кунанд.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми аз роҳҳои кӯҳӣ гузаштан бояд эҳтиёткор бошанд. Қаблан дар пайи боришоти шадиди ахир дар ноҳияи Ашт сел ба амал омад.
Дар натиҷа 40 замини наздиҳавлигӣ, 12 бинои ёрирасон аз сангу регу лой зарар дида, 7 километр роҳи хароб шуд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ, бошад қитъаҳои замини сокинон зери об монд.
Дар километри 477-уми шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сангрезӣ ба амал омад, ки бар асари он қисмате аз роҳ муваққатан баста шуд.