ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Хабаргузории "Ховар" ахиран бо нашри як хабарнома аз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иттилоъ дод, ки бо пешниҳоди Додситони кулл Юсуф Раҳмон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Усмонзода Саъидҷаъфар ба ҳабс гирифта шудааст.
Додситони кулл дар як маҷлиси парлумон ӯро барои ҳамкорӣ бо раҳбарони созмони мамнуи Паймони миллии Тоҷикистон, як гурӯҳи мухолифи ҳукумат дар хориҷ ва барои маслиҳати пешакӣ ҷиҳати ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон, муттаҳам кард.
Юсуф Раҳмон дар ҳузури вакилони порлумон гуфтааст, Саидҷаъфар Усмонзода бо Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, аз ӯ барои иҷрои ин ҳадафҳо ваъдаи кумаки молӣ гирифтааст.
Ба гуфтаи додситони кулл Шарофиддин Гадоев ваъда додааст, ки барои амалӣ намудани ин мақсад собиқ роҳбари "Ҳизби наҳзати ислом"* Муҳиддин Кабирӣ ба ӯ кумакҳои пулӣ расонида, зиёда аз се ҳазор ҷанговарони ташкилоти террористии "Ҷамоати Ансоруллоҳ"**-ро аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон таъмин менамояд.
Вай гуфт, ки Саидҷаъфар Усмонзода барои амалӣ намудани нақшаи худ дар дохили кишвар ва берун тарафдорони худро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб карда, гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намудааст.
“Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канорҳои мамлакат вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф намуда, ҳокимияти давлатиро дар мамлакат зӯран сарнагун намоянд”, - таъкид кард Юсуф Раҳмон.
Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки Саидҷаъфар Усмонзода барои содир намудани ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллар хоҳиш намудааст.
Дар ҷаласаи рӯзи ҷумъаи Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ ё масунияти ҳуқуқӣ маҳрум карда шудааст.
Зикр гардидааст, ки 12 июни соли 2024 нисбати Саидҷаъфар Усмонзода ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда ҳамчун гумонбар дастгир карда шудааст.
Боздошти Саидҷаъфар Усмонзода дар ҳоле сурат мегирад, дар аввали моҳи майи имсол гурӯҳе бо раҳбари Шаҳбози Аброр Анҷумани ҳизб баргузор карданд ва кори Саидҷаъфар Усмонзодаро “ғайриқаноатбахш” дониста, ӯро барканор карданд.
Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 31-уми май анҷумани ҷанҷолии Ҳизби демократро дуруст шумурд ва Шаҳбози Аброрро раҳбари он эътироф кард.
Саидҷаъфар Усмонзода дар аввалҳои ин моҳ дар як суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки худро раиси қонунии Ҳизби демократи Тоҷикистон медонад, аз Вазорати адлия хост, қарорашро бозбинӣ кунад.
Ӯ аз Вазорати адлия хост, ки қарораш дар бораи эътирофи Шаҳбози Аброр ба ҳайси раиси ҲДТ-ро бекор кунад.
* - ташкилоти экстремистӣ-террористӣ дар Тоҷикистон
**- ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон