ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Корхонаи истихроҷи металҳои гаронбаҳои "Апрелевка" ният дорад, бо анҷом додани корҳои иктишофӣ ва воридсозии технологияи муосир иқтидори истеҳсолии корхонаро тақвият бахшад.
Дар ин бора ба раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздидаш аз корхона иттилоъ дода шуда, такъид шуд, ки бо ин мақсад мутахассисони варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ҷалб гардида, корҳои омӯзишӣ идома дорад.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд гуфт, "Апрелевка" аз корхонаҳои бонуфуз ба ҳисоб рафта, айни замон дар он наздики ҳазор нафар ба шуғли доимӣ ва маоши хуб фаро гирифта шуданд.
Зимни боздид аз фабрикаи заршӯии корхона ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар ин фабрика ҳамарӯза то 950 тонна маъдан коркард шуда, аз он тилову нуқра ба даст оварда мешавад.
Аҳмадзода дар суҳбат бо роҳбарият ва коргарони корхона иқдоми мазкурро саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки саноатикунонии мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон шудааст ва бояд имкониятҳои саноати куҳӣ самаранок истифода бурда шавад.
Вай ҳамчунин фаъолияти корхонаи хурди "Зари тоҷик" шинос шудаст, ки бо саҳмгузорӣ ва дастгирии ширкати муштараки "Апрелевка" аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 10 нафар заргарон, асосан занону духтарон ба кор ҷалб шудаанд.
Дар ин корхона металҳои қиматбаҳо - тилову нуқра то коркарди ниҳоӣ шуда, маҳсулоти заргарии он ба бозори дохилу хориҷи кишвар пешниҳод мешавад.