ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2024 афзоиши тавлидоти саноатӣ ба 13,1% расид.
Дар ин бора дар гузориши Бонки рушди Авруосиё гуфта мешавад.
Таъкид шудааст, ки ба ин барқарорсозии тавлиди нерӯи барқ мусоидат кардааст.
Ҳамин тариқ, дар бахши энергетика дар моҳи апрел пас аз коҳиши 32,8% дар моҳи март, ки дар натиҷаи кам пур шудани обанборҳо ба вуҷуд омад, 0,4 фоиз афзуд.
"Нишондиҳандаҳои истеҳсолот аз ҷониби соҳаҳои истеҳсолӣ: хӯрокворӣ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ беҳтар шуданд", - афзудаанд гузоришгарони бонк
Гуфта мешавад, ки савдои чакана рушди устуворро нигоҳ дошт: дар моҳи апрел 11,8% пас аз 10,6% дар моҳи март.
Илова бар ин, афзоиши сармоягузорӣ пас аз коҳиши 3,2% дар моҳи март ба 4,1% суръат гирифт.
Қаблан Бонки АвруОсиёи рушд, пешрафти иқтисодӣ дурнамои рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ барои соли 2024-ро пешниҳод карда буд.
Гуфта мешавад, ки рушди иқтисоди минтақа 2% хоҳад буд.
Дар аксари мавридҳо ин ба мувозинат баргаштани иқтисодиёти Русия ва Беларус пас аз суръати баланди барқароршавӣ дар соли 2023 вобаста хоҳад буд.
Коҳиши рушди иқтисод дар Тоҷикистон то 7,3%, дар Арманистон то 5,7%, дар Беларус то 2% дар назар аст.