Раҳмон барои таваҷҷуҳи Бонки исломии рушд ба бунёди "Роғун" сипос гуфт.

Ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳими иқтисод ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Бонки исломии рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон то имрӯз 916 млн доллар маблағгузорӣ кардааст.
Дар ин бора дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассерро зикр шудааст, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳур.
Таъкид шудааст, ки ҳоло дар кишвар аз ҷониби Бонк дар ҳаҷми 237 миллион доллар 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ маблағгузорӣ мешавад.
“Тоҷикистон Бонки исломии рушдро яке аз шарикони муҳими худ медонад ва мо аз ҳамкории судманд бо он қаноатмандем”,- изҳор дошт президенти кишвар.
Ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноату кишоварзӣ, нақлиёт, ташкили марказҳои логистикӣ, рушди сайёҳӣ, бонкдорӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва идомаи ислоҳотро муҳокима карданд.
Дар ин робита Раҳмон ба роҳбарияти бонк барои иқдомот ҷиҳати маблағгузории татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун” изҳори сипос намуданд.
Бар асоси қарордодҳо, интизор меравад, ки БИР барои сохмтони нерӯгоҳи мазкур 400 млн доллар диҳад.
Раҳмон дар нишасти Шурои миллии рушд аз коҳиши фақру болоравии маош гуфт
Дар рафти мулоқот алоқамандии Тоҷикистон ба идомаи ҳамкориҳо бо Бонк дар доираи Стратегияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2023-2026, Созишнома бо Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ва Барномаи “Дастгирии стратегияи миллии рушди маориф” таъкид гардид.
Дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим истифода аз “энергияи сабз”, рушди “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз” дар соҳаҳои гуногуни иқтисод зарур шумурда шуда, дигар масоили ин самт баррасӣ шудааст.