ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия барои зиёд кардани содироти маҳсулот аз ҷумҳурӣ ба РФ чораҳо меандешанд.
Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон пас аз мулоқоти муовини аввали вазир Ашӯрбой Солеҳзода ва муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Дмитрий Волвач хабар доданд.
Суҳбат дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург сурат гирифт.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи ҷалби сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Русия бузургтарин шарики тиҷоратии ҷумҳурӣ буда, дар даҳ соли охир дар сохтори гардиши савдои хориҷии кишвар ҷои аввалро ишғол мекунад, афзуд намояндаиТоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 гардиши мол миёни кишварҳо ҳудуди 1,8 миллиард долларро ташкил дод, ки ин ҳадди таърихӣ буд.
Дар ҳамин ҳол, дар давраи аз январ то апрели соли 2024 гардиши мутақобила миёни давлатҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 24%афзуда, 636,8 миллион долларро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, воридот аз Федератсияи Русия нисбат ба содирот ба таври қобили мулоҳиза зиёд аст - дар ин давра аз Русия ба маблағи тақрибан 600,7 млн доллар мол ворид шудааст, содирот ба Федератсияи Русия 36,1 млн долларро ташкил додааст.
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 5 то 8 июн баргузор мешавад. Мавзӯи форуми имсола: "Асоси ҷаҳони бисёрқутбӣ ташаккули нуқтаҳои нави рушд аст".