ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ширкати алюминиуми Тоҷикистон ё “Талко” фурӯши алюминиуми аввалияро дар панҷ моҳи соли равон ба ҳудуди 46% афзоиш додааст.
Тавлиди алюминиум низ дар ин давра афзуда, дар қиёс бо соли гузашта қариби 27% бештар будааст.
Раиси Шӯрои директорони Ширкати алюминиум ё “Талко”, Наҷибулло Раҷабзода, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, далели аслии афзоиши фурӯши алюминиуми аввалия ин буд, ки навънокии филизи тавлидӣ боло бурда шуд ва бар ин асос даромаднокии он фароҳам шуд.
“Мо иқдомоти хосеро барои беҳбуди кайфияти алюминиуми аввалия ва афзоиши баҳраварии электролизерҳои мавҷуд анҷом додем. Барои 5 моҳ (январ - май)-и соли 2024, вазъияти тавлиди электролизӣ пойдор арзёбӣ мешавад”, - гуфт Раҷабзода.
Вай афзуд, дар тӯли 5 моҳи гузашта 33 адад электролизер ба роҳ андохта шуд ва қарор аст то охири сол беш аз 96 дастгоҳи электролиз ба мизони беш аз 146 млн сомонӣ бозсозӣ ва роҳандозӣ шавад.
“Теъдод кулли электролизерҳои фаъол дар поёни моҳи майи соли равон 220 ададро ташкил мекунад”, - гуфт раиси Шӯрои мудирони ширкат.
Тибқи иттилои “Талко”, тавлиди аввалияи алюминиум барои 5 моҳи соли 2024 ба 33 ҳазору 363 тон расид, ки 6990 тон ё қариби 27% бештар аз ҳамин давраи соли 2023 аст.
Фурӯши он дар ин миён беш аз 288 млн сомониро ташкил дода, ки қариб 46% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта аст. Бар асоси барномаи стратегӣ Ширкати алюминиуми Тоҷикистон дар соли 2024 бо дар назар гирифтани роҳандозии электролизҳои ҷадид қасд дорад тавлидро дар муқоиса бо соли 2023 ҳадди ақал 30% афзоиш диҳад.