Шойгу: НАТО ҳамла ба кишварҳои СПАД-ро тамрин мекунад

Ба гуфтаи ӯ, таҳдиди мустақим барои кишварҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ густариши пайвастаи НАТО атрофи марзҳои масъулияти созмон аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. НАТО ҳамла ба кишварҳои СПАД-ро машқ мекунад ва шумораи иғвогариҳо дар фазо меафзояд.
Дар ин бора Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти Русия дар ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СПАД изҳор дошт, менависад РИА "Новости".
Ба гуфтаи ӯ, таҳдиди мустақим барои кишварҳои СПАД густариши пайвастаи НАТО аст.
"Дар сарҳадҳои шимолӣ ва ғарбии минтақаи амнияти дастаҷамъӣ ҳузури низомии ин иттиҳод афзоиш ёфта, системаҳои нави аслиҳа ҷойгир карда мешаванд, шумораи иғвогариҳо дар фазои ҳавоӣ меафзояд, машқҳои сершумори ҳарбӣ, ки таҷрибаи ҳуҷум ба қаламрави кишварҳои СПАД-ро дар бар мегиранд, гузаронида мешаванд", - гуфт Шойгу.
Сиёсати Ғарб боиси бад шудани вазъ дар минтақаи масъулияти СПАД мешавад, афзуд ӯ.
Яке аз сабабҳои асосии ин сиёсати як қатор мамлакатҳо, пеш аз хама ИМА, Британияи Кабир ва ИА-ро, ки мақсад аз он вайрон кардани системаи амнияти байналхалқӣ мебошад, номид.
"Кӯшиши ошкоро барои ба майдони бархӯрди геополитикӣ табдил додани минтақаи Авруосиё вуҷуд дорад, ки барои ноил шудан ба ин ҳадаф аз ҳама арсенали воситаҳо, аз ҷумла дахолати мустақим ба корҳои дохилии давлатҳои мустақил, фишори сиёсӣ, шантаж, таҳдидҳои таҳримҳои ғайриқонунӣ ва усулҳои дигар истифода мешавад", - изҳор дошт Шойгу .
Дар Тоҷикистон тамринҳои СПАД баргузор мешаванд
Вай ҳамчунин афзуд, ки дар пасманзари фишорҳои иқтисодии Ғарб таъмини амнияти молӣ барои кишварҳои узви СПАД аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Пештар Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, изҳороти дастаҷамъии Ғарб дар бораи омодагии Русия ба ҳамла ба НАТО "беақлӣ" номид.
Ба гуфтаи вай, Ғарб ин гуна изҳоротҳоро танҳо барои он паҳн мекунад, ки Маскавро ҳамчун як душман муаррифӣ намуда, ғаразҳои империалистии худро қонеъ гардонад.