"Пас аз Сурия": бозгашти садҳо нафар ба зиндагии маъмулӣ дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз бозгашти даҳҳо нафари аз Сирия овардашуда ба зиндагии маъмулӣ баъди марҳилаи мутобиқшавӣ хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон 334 зану кӯдаки баргардонидашуда аз Сурия ба зиндагии маъмулӣ пеши наздиконашон баргаштанд.
Инҳо кӯдакону заноне ҳастанд, ки тайи ду соли ахир аз зиндонҳои Сурия ба Тоҷикистон оварда шудаанд, иттилоъ дод Қудратулло Қурбонзода, сардори раёсати ҳифзи иҷтимоии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, инҳо пас аз гузаштани се марҳалаи аввали мутобиқшавӣ ба зиндагии осоишта ба хонаҳояшон баргардонида шуданд.
“Дар ин миён саломатӣ ва вазъи равонӣ барқарор гардида, барои онҳое, ки аснод надоштанд, масалан, барои бузургсолон шиноснома ва барои тифлону наврасон шаҳодатномаи таваллуд таҳия шуд ва ҳамагӣ ба наздикони худ дар ҳар куҷои кишвар, ки ҳастанд, пайвастанд”, - гуфт Қурбонзода.
Даҳҳо зану кӯдаки дигари тоҷик аз Сурия баргардонда шуданд
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, то ба имрӯз 334 нафари баргардонидашуда аз Сурия, аз ҷумла 259 кӯдак ва бақия занон ба зиндагии маъмулӣ баргашта, бо наздикони худ пайвастаанд.
Дар ҳоли ҳозир, 47 нафари дигаре, ки моҳи апрели соли равон баргардонида шуданд, таҳти муроқибати мутахассисони вазорати мазкур аст.
Сардори раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон афзуд, то як муддати дигар онҳо таҳти муроқибати духтурон, равоншиносон, шуъбаҳои маориф ва мақомоти корҳои дохила қарор хоҳанд гирифт.
“Барои онҳо, тибқи барномае, ки ҳукумат таҳия кардааст, аз ҷумла ҷобаҷо кардани тифлон дар мактабу боғчаҳои кӯдакона, коромузии занон ва таъмини онҳо бо кор, ҳамчунин кӯмакҳои дигари моддиву пулӣ пешбинӣ шудааст”, - гуфт Қурбонзода.
Мутобиқсозии шаҳрвандон, тибқи як барномае ба унвони “Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва ба ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027”, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 27-уми сентябри соли 2023 тасдиқ шудааст, иҷро мешавад.
Ҳаёти дунявӣ намехоҳанд, зӯрӣ мекунанд: Шарҳи ҳоли занони тоҷики бозгашта аз Сурия ва Ироқ
Ин барнома аз 28 банд иборат буда, такмил додани раванди аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ ба Тоҷикистон баргардондани занону кӯдакон, самтҳои асосии барқарорсозӣ ва ҳамгироӣ ба ҳаёти солим, бо таҳсил ва ҷойи кор таъмин намудан, таъминоти молиявӣ ва моддӣ, тағйири тафаккури ифротии онҳо ва назорати доимии онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз даст задани онҳо ба ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳоро ҳадаф қарор додааст.
Интиқол ё баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, умдатан занону кӯдакон, ки бо ҳидояти саробони хонавода ба майдонҳои ҷанги Сурия рафта, дар миёни созмонҳои террористӣ афтода буданд, аз соли 2022 ба ин сӯ идома дорад.
Бино ба иттилои расмӣ, дар ин миён 381 нафар – ҳамагӣ кӯдаку зан - ба ватан баргардонида шудаанд ва сари баргардонидани ҳудуди 200 нафари дигар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо мақомоти Сурия дар ҳоли баррасиву музокирот қарор дорад.