ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин хостори таҳияи механизмҳои ягонаи танзим дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуд, ки имкони пайвастани кишварҳои дигари ИДМ-ро низ дорад.
Ӯ зарур хонд, ки талаботи ягона барои молу коло ҷалби кишварҳои дигари манфиатдор муқаррар карда шавад.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё дар ҳайати васеъ, Мишустин қайд кард, ки тайи даҳ сол дар ИИАО як системаи ягонаи танзими фаромиллӣ сохта шудааст, ки ягонагии талаботро нисбати молҳои воридшаванда ба қаламрави кишварҳои узв муқаррар мекунад.
Зиёда аз панҷоҳ регламенти техникӣ тасдиқ шудааст, ки тақрибан 85%-и маҳсулоти бозори умумиро дар бар мегирад, гуфт ӯ.
"Чунин механизмҳоро таҳия кардан лозим аст ва бояд иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар кишварҳое, ки робитаҳои иқтисодии мо бо онҳо қавӣ ҳастанд, ҷалб карда шаванд", - гуфт Мишустин.
Ба гуфтаи сарвазир, ин монеаҳоро барои истеҳсолкунандагон самаранок коҳиш медиҳад.
Иттиҳод инчунин талаботи умумии санитарӣ, байторӣ ва фитосанитариро дорад, ки иҷрои онҳо гарави ҳаракати озодонаи маҳсулот дар ҳудуди "панҷгона", ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандони давлатҳои узв мебошад, илова намуд сарвазири Русия.