ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия равобити Маскав ва Пекинро таҳким бахшида, Иттиҳодияи Аврупоро аз бартариятҳои стратегӣ ва нуфузи дигар дар ҷаҳон маҳрум карда, ҳукмронии Ғарбро заиф кардааст.
Дар ин бора публитсист ва сиёсатшиноси фаронсавӣ Александр дел Вал гуфтааст, хабар медиҳад, нашрияи Valeurs Actuelles.
“Натиҷаи асосии ҷанги иқтисодии Ғарб алайҳи Русия таҳкими шарикӣ бо Чин ва баъдан васеъ шудани фосилаи байни Ғарб ва тамоми ҷаҳон буд...",- гуфтааст мавсуф.
Ба таъкиди вай, ба ҳам наздикшавии нави манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ байни давлатщои ғайриғарбӣ, ки марказашон Русия ва Чин аст, барои ҳукмронии ояндаи Ғарб дар низоми ҷаҳонӣ як чолишҳои ҷиддие хоҳанд дошт.
Ӯ гуфтааст, ки бозорҳои рӯ ба тараққӣ бештари талафоти тиҷории Русия ва Ғарбро ҷуброн кардаанд, ки ин аз тағири назарраси бозорҳои ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.
Ба гуфтаи коршинос, “ҷанги умумии иқтисодии” Ғарб алайҳи Русия “Иттиҳоди Аврупоро аз бартариҳои геоиқтисодӣ ва стратегӣ ва нуфузи он дар назди тамоми ҷаҳони ғайриғарбӣ маҳрум кард”.
"Даст кашидан аз гази арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Русия ба нафъи гази Қатару Озарбойҷон ва гази сланетс аз Иёлоти Муттаҳида саноати Аврупоро халалдор кард",- гуфтааст ӯ.
Вай мегӯяд, ки ИА ҳоло нисбат ба ИМА барои газ 5 маротиба бештар пардохт мекунад.
"Маскав ҳамкориҳоро бо шариконаш ба мисли Чин, ки дар равобити худ бо Маскав ба манфиатҳои иқтисодӣ авлавият медиҳанд, амиқтар мекунад. Аврупо ягонаест, ки дар ҷаҳон... бартарии рақобатпазирии саноатии худро қурбон мекунад", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи дел Вал, бо кӯшиши зиён ба Русия, худи Аврупо ба дом афтод. Русия дар майдони чанг ташаббусро ба дасти худ гирифта, дар бисёр ҷабаҳот ҳуҷуми миқёсан калон омода мекунад. Киев камбуди захираҳо ва ҷангиёро аз сар мегузаронад.