Норизоии Раҳмон аз кори олимони тоҷик ва дастури санҷиши куллӣ

Президенти кишвар сатҳи нисбатан пасти самаранокии фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳоро яке аз масъалаҳои ташвишовари соҳаи илм хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон аз кори олимони кишвар изҳори норизоӣ кард.
Ӯ зимни мулоқоташ бо аҳли илм ва маориф гуфт, ки бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест.
Ба гуфтаи президент, имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман конеъкунанда нест.
Вай гуфт, ки фаъолияти самарабахши ин самтро мехоҳад ва таъкид намуд, ки зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он ба миён омадааст.
Ташнаи илманд: дар Тоҷикистон теъдоди маълулони донишандӯзро гуфтанд
"Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки бо таъсиси комиссияи босалоҳият таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти ҳамаи зерсохторҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, аз ҷумла иншоот ва заминҳои аз даврони гузашта дар тавозуни ин сохторҳо боқимондаро анҷом диҳад",- афзуд раисҷумҳур.
Раҳмон таъкид намуд, ки сатҳи нисбатан пасти самаранокии фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари соҳаи илми кишвар мебошад.
"Таҳлили ҳисоботи академия тайи солҳои 2021 – 2023 нишон медиҳад, ки аз ҷониби қисме аз аъзои вобаставу пайваста ва дигар кормандони илмӣ дар ин муддат ягон таҳқиқоти мушаххаси илмӣ анҷом дода нашудааст",- гуфт президент.
Яке аз омилҳои ин вазъи нигаронкунандаро раҳбари давлат ба таҳия нашудани санади дахлдор оид ба меъёрҳои арзёбӣ кардани самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва кормандони онҳо арзёбӣ кард.
Кишвардор тамоми бахши илму маорифи кишварро се моҳ муҳлат дод, ки бо таъсиси гурӯҳи корӣ доир ба ин масъала пешниҳоди мушаххас ироа созанд.