Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ҷаҳиши истеҳсолоти ҳарбӣ: Путин кафолати пирӯзӣ дар амалиёти низомиро ном бурд

Тавлидоти аслиҳаи мушакӣ ва артиллерӣ беш аз 22 маротиба, таҷҳизоти ҷангии электронӣ ва иктишофӣ - 15 маротиба, бесарнишинҳо 4 баробар афзоиш ёфтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Русия бояд ҳамеша аз душман як қадам пеш бошад, он гоҳ ғалаба бар ҳариф кафолат дода мешавад.
Ин нуктаро президенти Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо раҳбарони корхонаҳои саноати дифоъ баён дошт.
"Таъкид кардан мехостам, ки мо бояд ҳама вақт аз душман як қадам пеш бошем ва дар он сурат ғалаба кафолат дода мешавад", - таъкид кард ӯ ва афзуд, ки инро худи иштироккунандагони маҷлис медонанд.
Раисҷумҳур аз равобити бевоситаи тавлидкунандаҳои лавозимоти низомӣ бо онҳое гуфт, ки дар ҷабҳа меҷанганд.
"Мутахассисони шумо ва худи шумо ҳамеша бо бачаҳои мо, ки дар хатти ҷангӣ кор мекунанд, меҷанганд, худро дареғ намедоранд ва манфиатҳои Русияро ҳимоя мекунанд, дар тамос мебошанд", - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи Путин, ҳангоме ки Русия ҳадди аққал ним зина пеш меравад, самаранокӣ чанд маротиба меафзояд.
Вай фаъолияти корхонаҳои саноати дифоии Русияро баланд арзёбӣ кард.
Корхонахои мудофиаи Россия дар давоми амалиёти вижаи низомӣ истеҳсоли лавозимоти ҳарбиро 14 баробар зиёд кардаанд.
Бортников: хадамоти ҷосусии Украина бевосита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус иртибот дорад
Путин гуфт, ки дар давоми якуним-ду соли охир, дар ҷараёни амалиёти махсуси ҳарбӣ аз соли 2021 то соли 2023 ин рақамҳо афзоиш ёфта, тамоюл нигоҳ дошта мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, афзоиши аслиҳаи мушакӣ ва артиллерӣ беш аз 22 маротиба, таҷҳизоти ҷангии электронӣ ва иктишофӣ - 15 маротиба, лавозимоти ҷангӣ ва аслиҳа - 14 маротиба, мошинҳо - 7 маротиба, зиреҳҳои шахсӣ - 6 маротиба, техникаи авиатсионй ва бесарнишинҳо 4 баробар афзоиш ёфтаанд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.