ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар чор моҳи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон ба маблағи қариб 5,2 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 7% зиёд мебошад, аммо басанда нест.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Хатлон баён дошта, афзуд, ки барои тобовар гардонидани иқтисоди Тоҷикистон ба таъсири манфии омилҳои берунӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, аз тамоми иқтидору заҳираҳои мавҷуда самаранок бояд истифода бурд.
Шиддат гирифтани ҳолатҳои буҳронӣ дар ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла низоъҳои мухталифи минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, аз ҷумла хушксолии паиҳам ба ин иқдом водор мекунанд, илова намуд ӯ.
Раисҷумҳур таъкид намуд, ки танҳо бо талоши ҳар сокини мамлакат ва дар навбати аввал, роҳбарону кормандони соҳаи кишоварзӣ, метавон ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ноил шуд.
Барои таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил кардани захираи кофии он, ҳар як роҳбар ва шахси масъул бояд муносибати ҷиддӣ ва масъулияти баланд зоҳир намояд, изҳор дошт Раҳмон.
Ба гуфтаи президент, вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои бештар дораду бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳиссагузор бошад.
Тибқи маълумот дар моҳҳои январ – апрели соли 2024 кишоварзони вилоят ба маблағи қариб 2,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 8% зиёд мебошад.
Вале нишондиҳандаи мазкур бо дарназардошти ҳадафҳои гузошташудаи стратегӣ ва имкониятҳои вилоят ҳанӯз қонеъкунанда нест, таъкид намуд Раҳмон ва барои афоиши тавлидот супориш дод.