ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҷавонони тоҷикро бо Рӯзи ҷавонон табрик намуд.
Дар паёми президент, ки матни онро дафтари матбуоти роҳбари давлат нашр намуд, зикр шудааст, ки ҷавонон умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошанд.
Роҳбари давлат аз ҷавонон хост бо тоҷик будани худ ифтихор кунанд.
"Аз давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва аз тоҷик будани худ ҳамеша ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони некноми мо дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузоштаанд", - омадааст дар паёми президент.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро насиҳат намуд, то роҳи гузаштагонро бо омӯзиш ва аз худ кардани илмҳои замона идома диданд ва барои барои пешрафти Ватани аҷдодӣ талош варзанд, зеро маҳз ҷавонон давомдиҳандагони корномаи садҳо ва ҳазорҳо фарзандони фарзонаву фидокор мебошанд.
Ба таъкиди президент, дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди илмиву фарҳангмуваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд.
Ӯ ҳадафи баргузор кардани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба мисли "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм – фурӯғи маърифат", "Тоҷикистон – Ватани азизи ман", "Тоҷикон дар ойинаи таърих" баланд бардоштани савобнокӣ ва маърифати наврасону ҷавонон арзёбӣ кард.
Президент ҳамчунин аз дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар солҳои ахир изҳори қаноатмандӣ намуд.
"Солҳои охир ҷавонони варзишгари мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои хуби варзишӣ ноил гардида, шараф ва обрӯи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта истоданд".
Дар фарҷом, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони тоҷик тансиҳатӣ, иқболи баланд, саодати рӯзгор ва комёбиҳо таманно кард.