Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия як минтақаи аҳолинишин дар Донетскро таҳти назорат гирифт

Вазорати мудофиаи Русия: воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои ҷанубии Андреевкаро дар РХД озод карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мая — Sputnik. Артиши Русия Андреевкаро дар Ҷумҳурии мардумии Донетск таҳти назорати худ гирифт. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.

"Воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои Ҷанубӣ дар натиҷаи амалиёти фаъол минтақаи аҳолинишини Андреевкаи Ҷумҳурии мардумии Донетскро озод карда, инчунин вазъро дар хатти ҷабҳа беҳтар карданд", - омадааст дар хабари вазорат.

Андреевка ин минтақаи аҳолинишин дар қисмати ҷанубу ғарбии Артемовск ҷойгир аст. Як рӯз пеш аз ин артиши Русия дар бораи озод кардани минтақаи аҳолинишини Клешеевка хабар дода буд.
Назорати онҳо ба нерӯҳои мусаллаҳи Русия имкон медиҳад, ки ба ҷануби роҳи Часов Яр пеш раванд.
Ғайр аз ин, нерӯҳои Русия дар мавзеи Константиновка, Раздоловка ва Часов Яр қувва ва техникаи украиниро нобуд карданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу аз пешравӣ дар амалиёти вижа ва ҳамлаҳои минбаъда гуфт
Дар маҷмӯъ Киев дар набардҳо дар ин самт беш аз 490 нафар низомӣ, ду мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, чаҳор мошин, як тӯпхонаи худгарди M109 Paladin, як тупи Гиатсинт-Б, чаҳор гаубитсаи D-20 аз даст дод.
Андреевка севумин минтақаи аҳолинишинест, ки артиши Русия аз аввали ҳафта озод кардааст.
Рӯзи душанбе вазорати дифоъ хабар дод, ки деҳаи Белогоровка дар марзҳои ғарбии ҶМЛ-ро таҳти назорат гирифтааст, ки имкон медиҳад то ба Северск пеш равад.

Амалиёт дар вилояти Харков

Ёдовар мешавем, ки артиши Русия дар вилояти Харков амалиёти низомиро оғоз намуданд. Тибқи иттилои вазорати дифои Русия дар давоми як хафта онҳо 12 деҳа: Борисовка, Бугроватка, Гатише, Глубокое, Красное, Лукянтсы, Мороховетс, Огуртсово, Олейниково, Плетневка, Пилная ва Стречеяро озод карданд.
Виталий Ганчев, раиси ҳукумати вилоят рӯзи 14 май гуфт, ки гурӯҳи шимолӣ алакай ғарб ва шимоли Волчанскро таҳти назорат қарор додааст. Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар навбати худ иқрор шуд, ки воҳидҳои украинӣ маҷбур шудаанд, ба “мавқеъҳои муфидтар” дар ин минтақа ақибнишинӣ кунанд.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Ганчев, дар шимоли ин минтақа беш аз 200 километри мураббаъ озод карда шудааст.