Русия ба кишварҳои ИИАО 181,5 ҳазор тон шакар хоҳад дод

Ин дар ҳолест, ки Русия аз аввали моҳи май то 31 августи соли равон содироти шакарро ба кишварҳои хориҷ муваққатан манъ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Вазорати кишоварзии Русия ҳаҷми муқарраркардаи Девони вазирон барои интиқоли шакар ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро тақсим кард.
Ба иттилои РИА Новости 16 ташкилот дар кишварҳои ИИАО ин миқдор шакарро дастрас хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки ҳукумати Русия аз аввали моҳи май то 31 августи соли 2024 ба содироти шакар муваққатан мамнӯъ эълон кардааст.
Тони шакари ҳиндӣ 600 доллару беларусӣ ҳазор: таҳаввулот дар бозори ширинии Тоҷикистон
Дар гузориш гуфта мешавад, ки ин тадбир ба нигоҳ доштани суботи бозори дохилии маводи ғизоӣ нигаронида шудааст.
Вале ин маҳдудият ба кишварҳои ИИАО дахл надоранд ва ҳар як кишвари узви ИИАО дар ҳаҷми муайян шакар мегирад. Аз ҷумла:
Арманистон 28 ҳаз. тон;
Беларус - 5 ҳаз. тон;
Қазоқистон -120 ҳаз. тон;
Қирғизистон - 28,5 ҳаз. тон.
Ҷамъан ба ин чор кишвари узви ИИАО 181,5 ҳазор тонна шакар содирот мешавад.