Се кишвари аврупоӣ Фаластинро ҳамчун давлат эътироф карданд

Вазорати корҳои хориҷии Фаластин аз кишварҳои дигар хост, то аз Испания, Норвегия ва Ирландия пайравӣ кунанд ва давлаташонро эътироф кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Фаластин аз тасмими Испания, Норвегия ва Ирландия дар бораи ба расмият шинохтани давлати Фаластин истиқбол кард ва онро "иқдоми муҳим" номид.
Ин ниҳод аз дигар давлатҳо даъват кард, ки аз ин се давлат сабақ гиранд ва Фаластинро эътироф кунанд, гуфта мешавад дар изҳороте, ки дар саҳифаи ин департамент дар шабакаи иҷтимоӣ нашр шудааст.
Ҳукумати Норвегия рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки Фаластинро ба унвони як давлат эътироф мекунад. Эътирофоти расмӣ аз 28 май эътибор пайдо мекунад.
Лавров гуфт, ки чаро таъсиси давлати мустақили Фаластин муҳим аст
Худи ҳамон рӯз сарвазири Ирландия Саймон Ҳаррис эълон кард, ки ин кишвар Фаластинро ҳамчун давлат эътироф мекунад. Сарвазири Испания Педро Санчес дар навбати худ гуфт, ки ҳукумати ин кишвар рӯзи сешанбеи 28 май давлати Фаластинро расман ба расмият шинохт.
"ВКХ Фаластин аз тасмими Испания, Норвеж ва Ирландия дар бораи ба расмият шинохтани давлати Фаластин истиқбол мекунад... Дар ин робита вазорат бори дигар аз тамоми давлатҳое, ки то ҳол давлати Фаластинро ба расмият нашинохтаанд, даъват мекунад, ки дар роҳи эътирофи (он) қадам гузоранд", - омадааст дар изҳорот.
Зимнан, пас аз изҳороти кишварҳои аврупоӣ, вазири умури хориҷии Исроил дастур дод, ки сафирони Ирландия ва Норвеж барои машваратҳо фавран бозхонд шаванд.
Ӯ гуфт, қарор дар бораи ба расмият шинохтани Фаластин метавонад ба "оқибатҳои вахим" оварда расонад.
То кунун Фаластинро 9 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ба расмият мешинохтанд. Ҳашт кишвар – Булғористон, Кипр, Ҷумҳурии Чех, Маҷористон, Малта, Полша, Руминия ва Словакия – соли 1988, пеш аз пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ва Шветсия дар соли 2014 ин иқдомро гирифта буданд.