ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Бахшида ба чорабинии "Шабе дар осорхона" бостоншиносону пажуҳишгарони Тоҷикистон масоили ҳифзи ёдгориҳои таърихиро баррасӣ намуданд.
Чорабинӣ дар Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш баргузор гардида, пажуҳишгарон аз ҷумла саҳми ёдгорию бозёфтҳои миллиро дар ҷалби сайёҳон, тарбияи ҳамватанон ва ҳифзи мероси таърихии кишвар бузург арзёбӣ карданд.
Мудири пажуҳишгоҳ, Насрулло Убайдулло ва раиси Осорхонаи миллии бостоншиносӣ, Абдураҳмон Пӯлодов дар мавриди таҳкими корҳо дар ин бахш табодули андеша карданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳоло кормандони пажуҳишгоҳ ва осорхона дар даҳҳо экспедитсияи байналмилалии археологӣ ҳамроҳ бо муҳаққиқони Русия, кишварҳои ИДМ, Аврупо ва Чин иштирок мекунанд.
Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ соли 1996 ташкил шуда, аз соли 2001 барои тамошобинон дарҳои худро боз кардааст.
Дар бойгонии осорхона зиёда аз 100 ҳазор бозёфтҳои бостоншиносӣ мавҷуд аст, ки аз аҳди давраи санг то охири асрҳои миёнаро фаро мегирад. Бархе аз бозёфтҳо то 800 ҳазор сол қабл аз мелод, аз ҷумла изи одамони ибтидоиро дар бар мегиранд.
Дар Тоҷикистон ҳамчунин Осорхонаи миллӣ фаъолият дорад, ки дар 22 толори намоишии он бозёфтҳои нодири таърихи халқи тоҷик аз асри санг то даврони соҳибистиқлолӣ гирд оварда шудаанд.
Таъкид мегардад, ки дар Осорхонаи миллӣ беш аз 84 ҳазор ашёи таърихӣ нигоҳ дошта мешавад, ки бозгӯи таърихи бостон ва тамаддуну фарҳанги бой мебошад.