Оверчук: Ҳамгироии ИИАО бо Русия имкони, дар бозори ҷаҳонӣ рақобат карданро медиҳад

Муовини сарвазири Русия ба нишондиҳандаҳои хуби рушди иқтисоди кишварҳои узви ИИАО, ки зери фишорҳои таҳримот қарор дорад ишора кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ҳамкориҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) бо Русия дар соҳаи энергетика имкон медиҳад, ки кишварҳо дар бозорҳои хориҷӣ рақобат намоянд.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук зимни нишасти матбуотӣ дар ҳошияи форуми "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" изҳор дошт.
Вай ба суръати афзоиши иқтисодҳои кишварҳои ИИАО ишора кард: Қазоқистон - 5,1%, Қирғизистон - беш аз 6%, суръати баланд дар Арманистон - 8,6% ва Беларус - 3,9%.
"Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкориҳои кишварҳо дар бахши энергетика бо Русия, имкон медиҳад дар бозорҳои хориҷӣ рақобат нрпмоем. Сохтори беҳтар барои истеҳсоли молҳо ва хизматрасониҳо эҷод намоем ва ин дар ҳоли ҳозир дар доираи бозори мо аллакай муқарраршудааст", - гуфт Оверчук.
Таваҷҷуҳ ба тарҳҳои ҳамгироӣ дар ИИАО баланд арзёбӣ шуд
Ёдовар мешавем, ки аз 14 то 19 май дар Намоишгоҳи ЭКСПО-и Қазон форуми байналмилалии иқтисодии “Русия - Ҷаҳони Ислом: KazanForum 2024” баргузор мегардад. Дар ин ҳамоиш коршиносони рус ва хориҷӣ иштирок доранд.
Бо фармони президенти Русия Владимир Путин ин чорабинӣ соли 2023 мақоми федералӣ гирифт. Кумитаи тадорукотро муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин раҳбарӣ мекунад.