Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Шойгу аз пешравӣ дар амалиёти вижа ва ҳамлаҳои минбаъда гуфт

Захираҳои зарурии одамон ва техника барои ҳамлаи минбаъда дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ фароҳам оварда шудаанд, гуфт Сергей Шойгу
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дабири Шӯрои амнияти Русия, Сергей Шойгу самти асосии кораш дар мақоми навро низ амалиёти вижаи низомӣ хонд.
Дабири нави Шӯрои амнияти Русия гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳамаи самтҳои амалиёти вижа пеш рафта истодаанд.
Захираҳои зарурии одамон ва техника барои ҳамлаи минбаъда фароҳам оварда шудаанд, гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Шойгу аз соли 2012 раёсати вазорати дифоъро бар ӯҳда дошт. Пас аз маросими савгандёдкунии президент Андрей Белоусов ӯро дар ин мақом иваз кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои дифои ҳавоии Русия як ҳавопаймои украиниро сарнагун кард
Тавре Владимир Путин гуфт, Шойгу дар вазифаи наваш комиссияи комплекси ҳарбӣ-саноатии назди президентро раҳбарӣ мекунад ва кори Хадамоти федеролии ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷиро роҳандозӣ мекунад.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.