Русия ба кишвари асосии сармоягузор дар доираи ИИАО табдил ёфт

Ба гуфтаи директори Пажӯҳишгоҳи сиёсати савдои Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ, ИИАО новобаста аз он ки чӣ гуна аст дар ҳоли рушд қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Русия дар солҳои 2020-2023 ба кишвари асосии сармоягузор дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)табдил ёфт.

Дар ин бора дар гузориши Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ "Мактаби олии иқтисодӣ" хабар дода шуд.

Гуфта мешавад, гузориш аз ҷониби як гурӯҳи байналмилалии муаллифон аз ҳамаи 5 кишвари узви ИИАО таҳия шудааст.
"Бо таҳлили вазъи сармоягузории мустақими хориҷӣ дар кишварҳои узви ИИАО, муаллифон қайд мекунанд, ки дар солҳои 2020-2023 аз рӯи ҳаҷми сармоягузориҳои мутақобила пешсаф Арманистон, Қазоқистон ва Беларус буданд", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Ҳамчунин дар Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон теъдоди ширкатҳое, ки шаҳрвандони Русия сабти ном шудаанд, меафзояд, гуфта мешавад дар гузориш.
Ба гуфтаи директори Институти сиёсати савдои Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ, Александр Данилтсев, ИИАО ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда дар ҳоли рушд қаор дорад.
Путин: ИИАО давоми 10 сол худро ҳамчун сохтори худкифо муаррифӣ намуд
Ҷорӣ шудани таҳримҳо ва коҳиши имкони ҳамкорӣ бо кишварҳои нодӯст, баръакс, боиси якбора боло рафтани ҳаҷми тиҷорат ва ҳамкориҳои Русия ва шарикони он дар ИИАО гардид, гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Ҳамзамон, дар кишварҳои ИДМ сатҳи рақамисозӣ боло рафта, нуфузи соҳаҳои марбут ба Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла аз ҳисоби афзоиши сатҳи пардохт дар онҳо меафзояд, таъкид мекунанд коршиносон.