ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Дар тӯли 24 соати ахир аз сӯи нерӯҳои дифои ҳавоии Русия як ҳавопаймои зарбазани МиГ-29-и украинӣ нобуд кардда шуд.
Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар дод. Ба иттилои манбаъ, нерӯҳои дифои ҳавоӣ ҳамчунин 40 адад паҳпод, 12 мушаки ATACMS, 45 тӯпи HIMARS MLRS -ро нобуд намуданд.
"Системаҳои зиддиҳавоӣ як ҳавопаймои МиГ-29-и нерӯҳои ҳавоии Украина, 40 паҳпод, чаҳор мушаки зиддирадарии HARM, 12 мушаки ATACMS ва "Точка-У" ва инчунин 45 тӯпи зиддиҳавоиро аз кор бароварданд", - омадааст дар хабари вазорат.
Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти вижа 597 ҳавопаймои низомии Украина, 274 чархбол, 24 086 ҳавопаймои бесарнишин, 521 системаи мушакии зиддиҳавоӣ, 16 035 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва дигар мошину лавозимоти ҷангӣ нобуд карда шуд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.