ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло нақша дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят 97% иҷро шуд.
Манбаъ афзуд, ки давоми моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ даъвати баҳории ҷавонон дар шаҳрҳои Норак, Бохтар, Левакант, Ёвон, ноҳияҳои Носири Хусрав, Дӯстӣ, Қубодиён, Панҷ, Кӯшониён, Шаҳритус, Ҷайҳун, Балҷувон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Данғара ба пуррагӣ ҷамъбаст гардид.
Ҷамъан 18 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон нақшаи баҳориро ба анҷом расонд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозӣ тағйир ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, соли 2024 ҳудуди 52 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад, ки нисбат ба як соли қаблӣ 3 ҳазор сомонӣ боло рафтааст.
Болоравии ҳаққи хизмати пулакӣ дар ҳайати сафарбаркунӣ бо зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо рабт дорад, ки аз аввали соли равон 4 сомонӣ зиёд шуда, ба 72 сомонӣ баробар гардид.
Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.