ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Муғулистон на танҳо ҳамсоя, балки шарики муҳими кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад.
Ин нуктаро вазири савдои ИИАО, Андрей Слепнев дар пасманзари ташаббуси ба таври расмӣ оғоз кардани музокирот дар бораи бастани созишномаи муваққатии тиҷоратӣ бо Муғулистон баён дошт.
Ташаббуси мазкур аз ҷониби раҳбарони кишварҳои узви ИИАО дар нишасти Маскав, ки 8 май баргузор шуд, дастгирӣ ёфт.
Слепнев ин иқдомро ояндадор хонд. Ӯ афзуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти Муғулистон сари таҳкими равобит кор карда истодаанд.
"Мо якҷо бо ҳамкорони худ аз Улан-Батор воситаҳои сиёсати савдоро ҳамаҷониба омӯхтем, ки онҳоро барои амиқтар кардани ҳамкориҳои мутақобилан судманд истифода бурдан мумкин аст. Инчунин оқибатҳои ташаккули низоми тиҷорати озодро омӯхтем", - гуфт ӯ.
Корҳои муқаддамотӣ барои бастани созишномаи тиҷории муваққатӣ байни ИИАО ва Муғулистон аллакай оғоз шудаанд ва мумкин аст то охири соли ҷорӣ ба анҷом расад.
"Дар семоҳаи аввал мо бо ҷониби Муғулистон машваратҳои муфассал анҷом додем ва аллакай доир ба чаҳорчӯби созишномаи тиҷоратии оянда ба мувофиқа расидаем", - илова намуд ӯ.
Ба бовари Слепнев тамоми асосҳо мавҷуданд, ки ба роҳбарони кишварҳои узви ИИАО ва Муғулистон гузориш дода шавад, ки созишнома барои имзо омода шудааст.