ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Агар кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд бӯҳрони Украинаро дар майдони ҷанг ҳал кунанд, пас Маскав ба ин омода аст.
Ин нуктаро иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров зимни машваратҳо дар Шӯрои Федератсия дар бораи таъини дуборааш ба ин мақом баён дошт.
"Ин ҳаққи онҳост, агар онҳо дар майдони ҷанг мехоҳанд, бигузор дар майдони ҷанг бошад", - гуфт дипломат.
Вазир ҳамчунин ишора кард, ки конфронси Украина дар Швейтсария, ки моҳи июн баргузор мешавад ва Русия ба он даъват нашудааст, танҳо таҳияи таҳдид ба Маскав аст.
Вай ин ҳамоишро ба танбеҳи мактабхон ташбеҳ дода, илова намуд, ки Маскав чунин бархӯрд бо худро иҷоза намедиҳад.
Қаблан Лавров гуфт, изҳороти роҳбарияти Украина, Аврупо ва Амрико аз ин шаҳодат медиҳад, ки ҳеч нафарашон ба гуфтугӯи ҷиддӣ омода несту танҳо вонмуд карда истодаанд.
Швейтсария 15-16 июн дар наздикии шаҳри Лютсерн дар масъалаи Украина конфронс баргузор мекунад. Русия дар он иштирок намекунад. Ба ин нишаст тақрибан 160 давлат даъват шудаанд.
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков қаблан гуфта буд, ки раванди музокирот дар бораи Украина бидуни ширкати Русия маъно надорад. Маскав борҳо изҳор доштааст, ки ба музокирот омода аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ манъи музокиротро ҷорӣ кардааст.