ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Бенямин Нетаняҳу бо усулҳои наслкушии худ ба дараҷае расидааст, ки ҳатто Гитлер ҳасад мебарад, гуфт раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар шарҳи иқдоми сарвазири Исроил.
Ӯ таъкид намуд, ки Ҳамос ба оташбас розӣ буд, аммо маҳз Исроил намехоҳад сулҳ дар минтақа барқарор шавад.
"Ҳамос ба оташбас розӣ шуд, аммо Исроил ба далели ишғоли тамоми Ғазза, баҳона пеш меорад ва намехоҳад, ки сулҳ барқарор шавад. Зулм ва қатли ом идома дорад", - изҳор дошт кишвардори Туркия.
Ахиран хабар дода шуд, ки Исроил ба марказҳои паноҳандагон дар навори Ғазза зарба зад. Артиши Исроил дар қисматҳои шарқии шаҳр пеш рафта истодааст, хабар медиҳад телевизиони Al Jazeera.
Қаблан Исроил гуфта буд, ки ин амалиёт ба манзури ҷилавгирӣ аз барқарории тавоноии низомии Ҳамос дар ин минтақа сурат гирифтааст.
Амалиёти заминии Исроил дар шаҳри Рафаҳ дар навори Ғазза омили изофии бесуботӣ дар вазъ дар Ховари Миёна аст, изҳор дошта буд қаблан сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова.
“Омили иловагии бесуботӣ, аз ҷумла барои тамоми минтақа, оғози амалиёти низомии Исроил дар Рафаҳ дар ҷануби Ғазза буд. Дар робита ба ин, мо риояи қатъии муқаррароти ҳуқуқи башарии байналмилалиро талаб мекунем”, - гуфт Захарова.
СММ ахиран барои ҳамла ба Рафоҳ Исроилро дар нақзи тамоми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муттаҳам кард.