“Тоҷики покистонӣ ва рафиқи Брежнев”: Даргузашти яке аз раҳбарони коммунисти Покистон

Мухтор Бочо, ё Подшоҳ, яке аз раҳбарони коммунисти Покистон ва рафиқи раҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ аз олам даргузашт.
Sputnik
Душанбе, 11 май - Sputnik. Ва дар замонаш равобити коммунистҳои Покистон бо Тошканду Маскавро таъмин мекард.
Ориф Ҳасан Охундзода, муҳаққиқи тоҷики Покистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Мухтор Бочо дар синни 80 – солагӣ дар минтақаи Ҳаётободи шаҳри Пешовар даргузашт.
“Солҳои 70 – уми асри гузашта вай ба Ҳизб коммунисти Покистон пайваст. Баъдтар дабири аввали Ҳизб коммунист дар Музофоти марзии Шимолу Ғарб (ҳоло Хайбар Пахтунхвоҳ) таъйин шуд. Вай аз чапиҳои маъруф буд, ки соли 1971 блоки коммунистии Покистон ба ду даста - маоист ва ленинист тақсим шуд, дар урдугоҳи ахирӣ қарор гирифт”, - гуфт муҳаққиқи покистонӣ.
Ориф Ҳасан Охундзода, ки худ дар овони ҷавонӣ узвияти Ҳизби коммунисти Покистонро дошт ва шахсан Мухтор Бочоро мешинохт, мегӯяд, ҳамҳизбиҳои мо мегуфтанд, ки шахсан бо раҳбарияти Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, назири Леонид Брежнев, Андрей Андропов, Константин Черненко ва Михаил Горбачев ошноиву тамос дошт ва робитаи коммунистҳои Покистон бо Маскав ва Тошканд, ки маркази сиёсатгузориҳои Шӯравӣ дар Шарқ буд, таъмин мекард.
Рӯзноманигори шинохта Сайфуллоҳ Маҳкамов даргузашт
“Аммо Горбачевро барои “перестройка” ва “гласност” интиқод мекард ва ӯро “агенти Ғарб мехонд. Ӯ дар тӯли иртиботи ман бо ӯ ду бор ба Маскав рафт - як бор дар соли 1985 ва бори дувум дар соли 1987, замоне, ки барои ширкат дар Анҷумани 50-и Ҳизби коммунисти Шӯравӣ рафт ва дар ҷашнҳои шастумин солгарди Инқилоби Октябр ширкат кард”, - гуфт муҳаққиқи покистонӣ.
Вай афзуд, Бочо зиддичинӣ буд ва теъдод зиёде памфлетҳоро алайҳи маоисм ва бахши покистонии он - Ҳизбм муздур кисон – навишта буд, ки дар авоили даҳаи 1970 қиёми деҳқонии муваффақеро дар кӯҳҳои Пешовар раҳбарӣ карда буд.
“Пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ва коҳиши нақши Ҳизби коммунисти Шӯравӣ дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ Мухтор Бочо ва ҳамфикронаш ду ҳизби дигар ба номҳои Ҳизби миллии Покистон ва Ҳизби қавмии инқилобро поягузорӣ карданд, ки ҳамоно равиши марксистӣ-ленинистӣ дошт. Ҳарчанд бархе ҳамраҳони ӯ ба тротскизм ва ақоиди Интернатсионали Сеюм майл доштанд, аммо вай тағйири мавқеъ надод” – гуфт Ориф Ҳасан Охундзода.
Мухтор Бочо аз тоҷикони Покистон буда, 25 феврали 1944 дар рустои Доғари ноҳияи Бунери музофоти Хайбар Пахтунхвоҳ ба дунё омад ва соли 1965 факултаи гиёҳшиносии Донишгоҳи Карочӣ ва баъд донишгоҳи Пешоварро хатм кардааст.
Вай дар рустои аҷдодиаш ба хок супурда шуд.