Пешрафти Молдова бидуни ҳамкорӣ бо Русия, ИДМ ва ИИАО ғайриимкон аст

Вакили парлумони Молдова ахиран гуфт, ки кишвараш бидуни муносибатҳои хуб бо Русия, кишварҳои ИДМ ва кишварҳои ИИАО наметавонад пешрафт кунад
Sputnik
Душанбе, 11 май - Sputnik. Молдова бидуни равобит бо Русия, кишварҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё рушд карда наметавонад.
Дар ин бора вакили порлумони Молдова Марина Таубер зимни тақдимиордени Дӯстӣ дар Думаи давлатии Русия изҳор дошт.
"Мо мефаҳмем, ки кишвари мо бидуни муносибатҳо бо Русия, кишварҳои ИДМ ва кишварҳои ИИАО ғайриимкон аст. Муборизаро идома хоҳем дод, зеро ин мубориза на сиёсӣ, балки мубориза барои некӯаҳволӣ ва рушди Молдова аст”, - таъкид кард ӯ Думаи давлатии Русия.
Таубер аз Русия қадрдонӣ изҳори сипос кард.
Дар Молдова хостори наздикӣ бо ИИАО шуданд
"Дастгирии шумо барои мо хеле муҳим аст, зеро мо муддате эҳсос мекардем, ки мо мубориза мебарем, аммо кори мо оянда надошт.Ҳоло мо пуштибонии қавӣ дорем ва шаҳрвандон Русияро интизоранд",- ӯ гуфт.
Вакили Молдова таъкид кард, ки равобите, ки миёни Русия ва Молдова аз ҷумла таърихӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, иқтисодӣ он дар тӯли солҳо барқарор шуда буд кишварро аз он бӯҳрони амиқ, ки мутаассифона Амрико ва Аврупо ба он овардаанд, наҷот дод.
"Вазъияте, ки мо ҳоло дорем, харобии комил аст, онҳо мехоҳанд, ки моро ба як кишвари дигар ҳамроҳ кунанд ва онҳо мехоҳанд, ки мо аз байн равем <...> Аммо одамон дар кишвари мо намехоҳанд инро", афзуд ӯ.