ДУШАНБЕ, 11 май - Sputnik. Интихоби ӯ дар Анҷумани 18 – уми ғайринавбатии ҳизб ва ширкати ҳудуди 100 вакил сурат гирифт.
Шаҳбози Аброр, раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар анҷумани ғайринавбатӣ 97 вакил ё аъзои ҳизб аз саросари кишвар ширкат доштанд.
“Рӯзномаи анҷуман баррасии фаъолияти ду соли охир ва масъалаҳои ташкилӣ, аз ҷумла интихоби раис ва дигар роҳбарияти он буд”, - гуфт Шаҳбози Аброр.
Бино ба иттилое, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, ин анҷуман дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Кангурт” – и шаҳри Душанбе баргузор шуда, аз 108 вакили даъватшуда 96 нафар ширкат карданд.
Шаҳбози Аброр гуфт, номзадии се нафар – Илёсиддини Саидҷалол, Абдуҷаббор Юлдошев ва камина - барои раҳбарии ҳизб аз сӯи вакилон пешниҳод шуд.
“Илёсиддини Саидҷалол номзадияшро бозпас гирифт ва мову Абдуҷаббор Юлдошев вориди сабқат шудем. Раъйдиҳӣ ба таври кушод баргузор шуд”, - гуфт раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон.
Бино ба додаҳои комиссиюни ташкилии Анҷуман, дар пайи раъйдиҳӣ Шаҳбози Аброр – 64 раъйи мусбат ва 1 раъйи манфӣ ва Абдуҷаббор Юлдошев 8 раъйи мусбат ва 1 раъйи манфӣ гирифтаанд.
Шаҳбози Аброр гуфт, вай дар Ҳизби демократи Тоҷикистон сиёсати ҷавоникунониро пеш хоҳад гирифт ва бештар ба ҷавонон такя хоҳем кард.
“Мо дар амри ободиву рушд ва амнияти Тоҷикистон ҳамкори ҳукумат хоҳем буд”, - гуфт раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон.
Шаҳбози Аброр 13 июни соли 1990 дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон дар хонаводаи нависандаи маъруф Аброри Зоҳир ба дунё омада, таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи №60-и шаҳри Душанбе гирифтааст ва факултаи рӯзноманигории Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст.
Як замон дар рӯзномаи ҳукуматии “Ҷумҳурият” (2009-2016) рӯзноманигор буд ва аз корҳои барҷастааш мусоҳиба бо Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд. Ин танҳо мусоҳибаи Рустами Эмомалӣ ба расонаҳо аст.
Шаҳбози Зоҳир муассиси рӯзномаи “ИСТИҚЛОЛ”, маҷаллаи “Набзи Душанбе” ва сомонаи “Истиқлол” ба шумор меравад. Ҳамзамон мудири Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази дӯстӣ”-и ҳукумати шаҳри Душанбе аст.