ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро лозим аст, ки логистикаи "ногусаста" эҷод кунанд.
Ин пешниҳодро раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев пешниҳод кардааст.
Гуфта мешавад, ки ин пешниҳод дар чаҳорчӯби ҳамоиши солонаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Маскав ироа гардидаст.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Қазоқистон, логистикаи "ногусаста"-ро метавон тавассути ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва эҷоди як долони АвруОсиё ба даст овард.
"Мо бояд таъминоти логистикиро содатар кунем, тарифҳо ва расмиёти гумрукиро ҳамоҳанг созем ва як долони рақамии Авруосиёро роҳандозӣ кунем", - таъкид кард ӯ.
Тоқаев ҳамчунин хостори ҷорӣ кардани механизми санҷиши фосилавии ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ тавассути кодҳои QR ва шинохти рақамии мутақобилаи ҳуҷҷатҳо шуд.
Асоси ҳамгироии дарозмуддат дар ИИАО рушди системаи устувори нақлиёт бо дастрасӣ ба бозорҳои беруна мебошад, илова намудаст ӯ. Долони нақлиётии Авруосиё аллакай Аврупоро бо Осиё ва Шимолро бо Ҷануб мепайвандад.