Раҳмон: Сулҳу оромӣ ва зиндагии бидуни ҷангу хунрезӣ неъмати бузург аст

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошиаш ба муносибати Рӯзи Ғалаба гуфт, ба таҳкими сулҳ дар саросари дунё умед дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон сабақҳои фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон башариятро ҳушдор медиҳанд, ки сулҳу оромӣ ва зиндагии бидуни ҷангу хунрезӣ неъмати бузург барои ҳар як инсон аст.
Вай таъкид кард, робитаҳои беғаразонаи ҳамкориву дӯстона дар байни халқу миллатҳо шарти муҳимми пешрафту тараққиёти давлатҳо мебошад.
“Хусусан, дар шароити имрӯза, ки мардуми сайёраро таҳдиду хатарҳои муосир ва вазъи пурҳаводиси ҷаҳон, аз ҷумла кӯшишҳои азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави "ҷанги сард", ҷангу низоъҳои диниву мазҳабӣ, терроризму ифротгароӣ ва мушкилоти дигар сахт ба ташвишу нигаронӣ овардаанд, мафҳумҳои "сулҳ", "оромӣ", "дӯстӣ", "ҳамдигарфаҳмӣ", "ҳамкорӣ" ва гуфтугӯи тамаддунҳо барои инсоният торафт маънии амиқтар ва аҳаммияту афзалияти бештар пайдо карда истодаанд”, гуфт ӯ.
То Олмон расидем: куҳансарбози тоҷик аз солҳои дар ҷабҳа буданаш гуфт - видео
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки мардуми тоҷик, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон бори дигар дар таърихи муосири худ ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро аз сар гузаронидаанд, даҳшату фоҷиаи онро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва ба қадри сулҳу субот бештар мерасанд.
“Бинобар ин, мо бояд ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша ҳушёр ва сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлона заҳмат кашем, Ватанамонро обод созем, давлатамонро неруманду пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем”.
Раисҷумҳур дар паёмаш ба таҳкими сулҳ дар саросари дунё умед бастааст.