ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошиаш ба муносибати Рӯзи Ғалаба қайд кард, ки пирӯзӣ бар фашизм маҳз дар натиҷаи муборизаи далерона ва қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ таъмин карда гардид.
Вай афзуд, ки танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба даъват ва сафарбар карда шуданд.
“Ин шумора дар он давра зиёда аз 50%и аҳолии қобили меҳнати ҷумҳурии моро ташкил мекард”,- гуфт ӯ.
Раисҷумҳур зикр намуд, ки аз 300 ҳазор нафар беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо ҳалок гардида, даҳҳо ҳазори дигар беному нишон шуданд ва аксари онҳое, ки аз ҷанг баргаштанд, маъюб буданд.
“Дар шаҳру деҳоти ҷумҳурии мо садҳо ҳазор нафар кӯдакони ҷанговарони дар муҳорибаҳо ҳалокшуда ятим монданд”, - илова кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамзамон вай дар паёмаш қайд кард, ки илова ба фиристодагони тоҷикон ба майдони ҷанг ба хотири шикаст додани фашистон, калонсолон ва наврасону кӯдакон дар ақибгоҳ бо машаққати зиёд ва бо азоби гуруснагӣ шабу рӯз заҳмат мекашиданд.
“Онҳо дар таъмини ҷанговарон бо озуқаворӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми бузург гузоштанд”, - афзуд раҳбари Тоҷикистон.
Вай илова кард, ки мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди он, ки дар он солҳо худашон дар шароити бисёр вазнин қарор доштанд, даҳҳо ҳазор нафар занону кӯдаконро аз ҷумҳуриҳои дар хатти ҷабҳа қарордошта қабул карда, ҳамаи онҳоро бо ғамхорӣ фаро гирифтанд.
Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки сокинони ҷумҳурӣ, ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои ҷамъкардаи худ барои таъмин кардани артиш бо силоҳу муҳимот ва техникаи ҷангӣ саҳми арзишманд гузоштанд.