ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақбараи Сарбози гумном дар Маскав гул гузоштанд.
Пас аз анҷоми режаи низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Майдони Сурх раҳбарони 7 давлати дигар, ки ба Маскав омаданд, низ ба гиромидошти хотираи сарбозони ҳалокшуда рафтанд.
Ҳамин тариқ, намояндагони кишварҳо дар назди Оташи абадӣ гулчанбарҳои садбарги сурх гузошта, сипас як дақиқа сукут карданд.
Пас аз ин собиқадорон хотираи сарбозонро дар сари қабри Сарбози гумном пос доштанд.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 8 май бо як сафари корӣ вориди Маскав шуд.
Қабл аз ин ӯ дар як режаи низомӣ дар Душанбе ширкат карда, сипас барои мулоқот боВладимир Путин ба Русия сафар кард.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 3 май зимни як сӯҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро ба Маскав барои ширкат дар таҷлили ҷашни 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ даъват карда буд.
Соли 2024 дар режаи низомӣ бахшида ба 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 9 ҳазор нафар низомиён ва 75 адад техника ширкат варзиданд.