Ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар заминаи кишовазӣ густариш меёбанд

Дар дидори мақомотҳои бахши кишоварзии Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон бар тавсеаи ҳамкориҳои муштарак дар заминаҳои мухталиф таъкид шуд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Муовини вазири ҷиҳоди кишоварзии Эрон Сафдар Ниёзии Шаҳракӣ бар густариши ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ ба вежа дар ҳавзаҳои фановарӣ, таҷҳизоти обу хок, саноеъи фароварӣ ва тиҷорат таъкид кард.
Ба иттилои хабаргузории ИРНА, вай дар ин бора дар нахустин нишасти гуруҳи кории ҳамкориҳои муштараки кишоварзӣ миёни Тоҷикистону Эрон, ки ба таври маҷозӣ баргузор шуд, баён дошт.
Оқои Шаҳракӣ таъкид кард, ки дар ростои иҷрои тафоҳумномаҳое, ки миёни ду кишвар имзо гардидааст, бояд барномаи амал тадвин шавад.
Мақомдори эронӣ таъкид кард, ки беш аз ҳазор ширкати тавлидкунанда ва мушовир дар ҳавзаи баҳраварии обёрӣ ва афзоиши боздеҳи обёрӣ дар Эрон фаъолият мекунанд.
“Эрон метавонад нисбат ба судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ дар бахши кишоварзӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта бошад”, - таъкид кард вай.
Дар ҳамин ҳол, муовини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Мушокир Назарзода Фозил дар ин нишаст бо ишора ба сафари Раисӣ ба ҷумҳурӣ дар соли гузашта ва имзои тафоҳумномаи ҳамкориҳои муштарак, гуфт: Мо омодаи ҳамкорӣ бо Эрон дар ҳама заминаҳои кишоварзӣ ҳастем.
Тавофуқи Эрон ва Тоҷикистон барои тавлиди доруҳои муштарак
“Ниёзҳои мо барои ин ҳамкорӣ аз назари таҷҳизот ва фановарӣ дар ҳавзаҳое монанди обу хок, мурғдорӣ, парвариши моҳӣ ва саноеъи фароварии ғизоӣ аст”, - гуфт мақомдори тоҷик.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти Эрон гуфта буд, ки тиҷорати ду кишвар бояд ба 500 млн доллар афзоиш пайдо кунад.
Ахиран сафири Тоҷикистон дар Теҳрон таъкид карда буд, ки дар се соли ахир равобити иқтисодӣ ва тиҷории Эрону Тоҷикистон аз 57 млн доллар дар як сол то ба 270 млн доллар афзоиш ёфт, ки афзоиши он 5 баробарро ташкил медиҳад.