Дар Душанбе аксияи "Ҳанги ҷовидон" баргузор шуд

Сокинону меҳмонони пойтахт ба ифтихори таҷлили 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе раҳпаймоӣ анҷом доданд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар Душанбе раҳпаймоии ёдбуди “Ҳанги ҷовидон” баргузор шуд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Аксия аз майдони 800-солагии Маскав оғоз шуда, нуқтаи анҷоми он тибқи анъана оташи абадӣ дар Боғи Ғалаба буд.
Барои гиромидошти ҷонбохтангон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, даҳҳо сокини Душанбе ба кӯчаҳо рехтанд. Миёни онҳо ҷавонону куҳансарбозон низ ҳузур доштанд.
1 / 8
Акция "Бессмертный полк" в Душанбе
2 / 8
Акция "Бессмертный полк" в Душанбе
3 / 8
Акция "Бессмертный полк" в Душанбе
4 / 8
Акция "Бессмертный полк" в Душанбе
5 / 8
Акция "Бессмертный полк" в Душанбе
6 / 8
Акция "Бессмертный полк" в Душанбе
7 / 8
Акция "Бессмертный полк" в Душанбе
8 / 8
Акция "Бессмертный полк" в Душанбе
Пас аз он, ки иштироккунандагони ин раҳпаймоӣ ба Боғи Ғалаба расиданд, онҳо атрофи Оташи абадӣ саф кашиданд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом дар ибтидо ба хотири амният тарҳрезӣ нашуда буд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 24 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст.
Раҳмон аз саҳми бузурги тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдрас шуд
Хотиррасон бояд намуд, ки танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, аз ин шумора зиёда аз 100 ҳазор кас дар муҳорибаҳо ҳалок шудаанд. 64 нафар аз фарзандони шуҷои тоҷик барои корнамоиҳои беназир ва ҷоннисорӣ сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанд.