ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Дар ин сафар кишвардорро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар назар аст, ки дар рафти ин сафар Сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ва мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок хоҳанд кард.
Қаблан Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Раҳмонро ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Маскав даъват карда буд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни як сӯҳбати телефонӣ бо Путин аз ӯ барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ва чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ғалаба даъватнома дарёфт кард.
Ба Маскав барои чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 79-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ҳамзамон Ҳамчунин Шавкат Мирзиёев, Қосимҷомарт Тоқаев, Содир Ҷабборов, Александр Лукашенко ва президентҳои Лаос Тонглун Сисулит ва Гвинея-Бисау Оумару Сисоку Эмбало меоянд.
Соли гузашта ҳафт сарони хориҷӣ барои Паради Ғалаба ба Маскав омада буданд: президентҳои Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Беларус Александр Лукашенко, Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, сарвазири Арманистон Никол Пашинян.