Бонкҳои Туркия дар Тоҷикистон намояндагӣ боз мекунанд

Роҳбари БМТ бо сафири Туркия нақшаҳои кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва таъсиси филиалҳои бонкҳои туркӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Тоҷикистон ва Туркия тасмим доранд ҳамкориҳоро дар бахши бонкӣ густариш диҳанд.
Ин масъала дар ин бора дар мулоқоти Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Умут Адҷар, сафири Туркия дар Душанбе матраҳ шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти БМТ хабар дод.
Намояндагони ду кишвар роҷеъ ба вазъи кунунии низоми бонкии Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳо дар ин замина табодули назар карданд.
Онҳо дар ин самт нақшаҳо, аз ҷумла ифтитоҳи суратҳисобҳои муросилотӣ, таъсиси филиалҳои бонкҳои туркӣ, роҳандозии ҳамкорӣ дар рушди иқтисоди сабз ва дурнамои ҳамкориҳоро баён карданд.
БМТ ба як низоми интиқоли пулии Русия муҷаввиз дод
Толибзода ба сафир дар бораи вазъи макроиқтисодӣ ва вазъи низоми бонкии кишвар маълумот додаст.
Ба гуфтаи ӯ, қонунгузории Тоҷикистон дар бахши бонкӣ барои таъсиси бонкҳои хориҷӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо заминаи муносиб фароҳам кардааст.
Сафири Туркия Умут Адҷор бар зарурати тавсеаи бахшҳои тиҷорат ва гардишгарӣ дар равобити иқтисодии миёни кишварҳо таъкид кард.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳо дар оянда изҳор доштанд, ки на танҳо ба рушди низоми бонкӣ, балки ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат кунанд.