Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ ором аст: Дар ҳукумати ноҳияи Ҷ. Расулов рухдоди тирпарронӣ дар марзро шарҳ доданд

Мақомоти сарҳадбонии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Лайлак бо роҳи гуфтушунид рухдоди муноқишаи кӯчакро бартараф кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Дар ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳодисаи тирпарронӣ дар марз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро шарҳ доданд.
Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, зуҳри имрӯз тирпарронӣ дар марзи миёни ҷамоатҳои Қурғонча бо Ак – Босого дар ҳоле рух додааст, ки як чӯпон барои баргардонидани чорвояш ноогоҳона марзро убур намудааст.
“Аз ҳисоби итоат накардани чӯпон, сарҳадбонони қирғиз тир холӣ кардаанд то аз ҳудуди сарҳад берун шавад. Марзбонони ду ноҳия ба маҳалли ҳодиса рафта бо роҳи гуфтушунид масъаларо бартараф кардаанд” – гуфт, масъули ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз ҷаласа баргузор карданд
Ин масъули ҳукумат гуфт, ки вазъ дар марз миёни ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Лайлак ҳоло ором аст.
Ноҳияи Ҷаббор Расулов баъд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара сеюмин ноҳияи ҳаммарз бо Қирғизистон дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад.