Санҷиш дар Қазоқистон пурзӯр шудаст: Муроҷиати мақомот ба тоҷикистониҳо

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия додаст, ки ки пеш аз сафар ба Қазоқистон ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон аз пурзӯр шудани чораҳои амниятӣ зимни вуруд ба Қазоқистон хабар дода, ба шаҳрвандон шеваи рафторро тавсия додаст.
"Дар робита ба татбиқшавии чораҳои пурзӯри амниятӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Қазоқистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар ба Қазоқистон ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд", - омадааст дар муроҷиатнома.
Таъкид шудааст, ки тоҷикистониҳо бояд ҳангоми пурсиш ба суолҳои масъулин посухҳои мушаххас диҳанд.
Суҳбати Путину Раҳмон: Асосан аз муҳоҷирон гуфтанду иштироки якҷоя дар иди Ғалаба
"Ҳангоми пурсишу тафтишҳои кормандони мақомоти сарҳадӣ ва гумрукии Қазоқистон зимни воридшавӣ ба он кишвар, шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки ба саволҳои марбут ба мақсади сафар, замони бозистодан ё будубош, ҷои истиқомат, робитаҳои хешовандӣ ва дӯстӣ доштан бо сокинони Қазоқистон мушаххас ҷавоб диҳанд", - омадааст дар матлаб.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсия додаст, ки дар сурати лозим будан, суроғаи истиқоматӣ ва рақамҳои телефонро барои тамос пешниҳод намоянд.
Дар сурати дучор гардидан бо мушкилиҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон, бояд ба сафорат ё консулгарӣ аз тариқи рамаҳои +77761760043, +77775883115 муроҷиат намоянд, таъкид кардаст ВУХ.
Ин ниҳод таъкид кардаст, ки миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкории зич ва созанда идома меёбад.