Намояндаи Тоҷикистон дар савгандёдкунии Путин маълум шуд

Маросими савгандёдкунии Владимир Путин ба ҳайси президенти тозаинтихоби Русия дар Кремли Маскав баргузор мегардад. Ин маросими савгандёдкунии 5-ум мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар маросими савгандёдкунии Владимир Путин дар Кремл ширкат дорад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз сафорати ин ҷумҳурӣ дар Маскав иттилоъ доданд.
Дар маросим баробари мақомдорони давлатӣ, фаъолони ҷамъиятӣ, ходимони фарҳангу варзиш инчунин дипломатҳои кишварҳои хориҷии фаъол дар Маскав иштирок доранд.
Тибқи Конститутсия президенти интихобшуда ботантана савганд ёд мекунад, ки матни он дар қонуни асосӣ навишта шудааст. Дар маросими савгандёдкунӣ аз рамзҳои қудрати президентӣ, аз ҷумла нишони раисиҷумҳури Русия, инчунин нусхаи махсуси Конститутсия истифода мешавад.
Савгандёдкунии 5-уми Путин ба ҳайси президенти тозаинтихоб - видео
Қобили зикр аст, ки пас аз савгандёдкунии раисиҷумҳури Русия, Девони вазирони феълӣ салоҳиятҳои худро вогузошта, истеъфо медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки ин панҷумин маросими савгандёдкунӣ дар карераи сиёсии Путин аст. Вай барои шаш соли оянда - то соли 2030 мақоми раисиҷумҳури Русияро ишғол мекунад.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия аз 15 то 17 март баргузор шуд ва бар асоси натоиҷи он, раисиҷумҳури феълӣ Владимир Путин беш аз 87%-и овозҳоро ба даст овард.