Борони шадид сокинони Душанберо дучори мушкили беобӣ кард: шарҳи мақомот

Мақомоти масъули обрасонии шаҳри Душанбе мушкили беобиро ба боронҳои шадиди шаби 4 ба 5 май рабт додаанд, ки боиси тирагии оби дарёи Варзоб шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Бинобар сабаби боридани боронҳои шадид дар ноҳияи Варзоб ва баланд гардидани тирагии об дар канали деревиатсионии Варзоб дар навоҳии Душанбе фишори об паст карда мешавад.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе бо нашри як эълон хабар дода, афзудааст, ки ин чора муваққатӣ мебошад.
Аз ҷумла дар шаҳракҳои 82, 101, 102, 112, 83, 84, 103,104 ва маҳаллаҳои Авул, Қазоқон, Зафар, Меҳробод Зарафшони ноҳияи Сино то дарвозаи Ҳисор ва кӯчаҳои Шураксой, Чашмасор, Рӯдакӣ аз 160 то 190, Пролетар, Гулдаст, Плеханов, Охунбобоев, Ҳ. Ҳакимзода, П. Толис обрасонӣ масдуд мешавад.
Дар қисмати поён - Рӯдакӣ аз 140 то 158 Телман, Амиршоев, Заҳматобод, Сурхоб, Анзоб -и ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ дучори мушкили обрасонӣ мешавад.
Ҳушдори КҲФ аз се рӯзи сербориш ва селу раъду барқ
Мушкили мазкур ба кӯчаҳои Акрамов, Ҳусейнзода , Нисор Муҳаммад,Чехова кӯчаи Айнӣ аз 3 то 171 кӯчаҳои Репина, Адҳамов, Беҳзод, Аҳмади Дониш, Лоҳутӣ, Х. Мирзо Турсунзода, М. Собирова ва маҳаллаҳои Бадахшон 1, 2, Дӯстии халқҳо то гардиши кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур низ ҷой хоҳад дошт.
Таъкид шудаст, ки мушкили обрасонӣ дар ин маҳаллаҳо ба далели поин бурдани фишори об дар истгоҳи обтаъмикунии "Худҷореъ" паст карда мешавад.
"Ҳолати мазкур муваққатӣ буда, ба хотири чораандешӣ ҷиҳати коркарду безараргардонии об андешида мешавад", - омадааст дар эълон.
Мақомот аз шаҳрвандон хоҳиш намудаст, ки ба таҳлука наафтанд ва вазъиятро то муътадил гардидани тирагии об дар дарёи Варзоб дарк намоянд.