ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Дар навоҳии ҷанубии Тоҷикистон, ки баҳор қабл аз ҳама меояд, аммо ба дунболи сарсабзиҳои ин фасл аҷали он - малахи марокашӣ низ “меҳмон” мешавад. Ин ҳашараи музир тамоми рустании сабзро мебалъад ва талу теппаҳоро ба биёбон табдил медиҳад, рухдоде, ки дар гузашта барои сокинони ин манотиқ ошно набуд.
Абдураҳмон, як деҳқон аз ҷамоати “Озодагон” – и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, мегӯяд, малах мисли кирми пилла дар лонаҳои пинҳонии худ зимистонро пушти сар мекунад ва баробари даромадани гармӣ ҳар ҷо тӯп-тӯп шакл мегирад, рушд мекунад ва ба ҳаракат медарояд.
“Ин вазъ ҳудуди даҳ сол ба ин сӯ идома дорад, аз замоне, ки банда навҷавон будам. Малах шуруъ аз авохири моҳи март ба талу теппаҳо ҳуҷум карда, тамоми рустании тару тозаи баҳориро, ки бояд бузу гову гӯсванди мо хӯрад, мелесад”, - гуфт Абдураҳмон.
Панҷ аз навоҳии ҷанубитарин ва ҳаммарз бо Афғонистон аст, аммо хуруҷи малах ба дигар навоҳии ҳамсоя ва ҳатто дарунтари вилояти Хатлон, назири Фархор, Вахш, Кушониён, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Шаҳритус ва Данғара низ паҳн мешавад.
Аммо вижагии ин таҳоҷум ва вусъати офати табиӣ, ки аз сӯи деҳқонон махсус таъкид мешавад, заъф дар мубориза бо он аст. Ба қавли Абдураҳмон, агар малах дар замони сар боло карданаш нобуд нашавад, баъд дер мешавад.
“Нахуст ин аст, ки баробари шуруъи фасли баҳор бояд башиддат манобеъи будубоши он ошкор ва дар батн нобуд шавад. Аммо азбаски ин як кори сангин аст, фурсати дигар он замон фаро мерасад, ки малах хуруҷу ҳамларо шуруъ кунад. Дар ин марҳала малах фақат меҷаҳад. Агар ба марҳалаи парвоз расид, дигар вазъро намешавад контрол кард”, - гуфт ӯ.
Ба қавли Абдураҳамон, вақте малах ба парвоз омад, ки ин марҳала тақрибан ба миёнаҳои моҳи май рост меояд, дар талу теппаҳо хӯрокие барояш намемонад ва ҳамла мекунад ба киштзору ҳосили мардум.
“Дар куҳҳо алаф, ки намонд, села-села рафта, дар мазрааҳо фуруд меояд. Барояш фарқ намекунад, ки чӣ аст - картошка, булғорӣ, пахта, гандум, помидор, юрушқа, хуллас, ҳар рустании сабз бошад, ҳамаро балъида меравад”, - гуфт ин деҳқони панҷӣ.
Дар ҳамин ҳол, таҳоҷуми малах дар фасли баҳор зоҳиран ба як воқеияти дасти кам даҳ соли ахир дар Тоҷикистон, бахусус, манотиқи ҷанубии он табдил ёфтааст. Ҳар сол чунин вазъ анҷом мешавад ва ҳар сол бартаф.
Раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, Зарифхӯҷа Шоҳиён, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъе, ки бо хуруҷу таҳоҷуми малах ба вуҷуд меояд, ҷадад нест, таъриф шудаааст ва танҳо коре, ки бояд кард, вокуниш аст.
“Ва ин корест, ки мо дар ҳоли ҳозир карда истодаем. Худи мардум, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва идораҳои масъули ҳукуматӣ имрӯзҳо муваффақона кор мекунанд”, - гуфт Шоҳиён.
Малахи марокашӣ аз куҷо омад?
Хостгоҳи малахи марокашӣ шимоли Африқо, зоҳиран, Марокаш буда, ки ба ин ном маъруф шудааст, аммо ҳоло Аврупои Шарқӣ, Русия, Осиёи Ғарбӣ ва Осиёи Марказиву Афғонистон ва Покистон манотиқи умдаи зисти он ба шумор меояд.
Сокинони он манотиқи вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки имрӯзҳо бо таҳоҷуми малахи марокашӣ мувоҷеҳанд, дар суҳбатҳо ба ин нукта ҳам ишора мекунанд, ки дар замони Шӯравӣ малахи марокашӣ ин “шӯҳрат” – ро надошт ва иттифоқоте ҳамчунин мушоҳида намешуд.
Шариф Маҳмадов, сокини 50-солаи ноҳияи Қубодиён, мегӯяд, дар замони Шӯравӣ гоҳ-гоҳ селаҳои бузурги малахҳо дар навоҳии марзӣ бо Афғонистон пайдо мешуданд.
“Аммо онҳо ба мазореъи мардум коре надоштанд, балки ҳар ҷое ки бод онҳоро партоб мекард, ба таври дастҷамъӣ ба замин меафтоданд. Сер буданд, шикамҳояшон дамида буд ва аз фарбеҳӣ ҳаракат карда наметавонистанд ва ба майдонҳои кишт ҳамла намекарданд. Ин гуна ҳаводисро мардум “малахбориш” меномид ва мегуфтанд, ки бод онҳоро аз Афғонистон оварда, ин ҷо афкандааст”, - гуфт Маҳмадов.
Дар ҳамин ҳол, дар шимоли Афғонистон, бино ба иттилоъи Барномаи ғизову кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), низ хуруҷи малахи марокашӣ мушоҳида мешавад, аммо на ба ҳадди Тоҷикистон, ё Ӯзбекистон.
Иддае ҳам мегӯянд, зуҳури густардаи малахи марокашӣ асосан ба ибтидои даҳаи аввали асри ҷорӣ, аммо хуруҷ ва таҳоҷуми густардааш ба даҳаи дувум рост меояд.
Ба ин нукта низ ишорат мешавад, ки эҳтимолан як диверсияи зистмуҳитии истихбороти хориҷӣ бошад, зеро дар гузашта як навъ занбӯрҳои зарди бузурге ҳам пайдо шуда буданд, ки дар забони ом “занбӯрҳои оонӣ ё Созмони Милал” ном гирифта буданд.
Вилояти Хатлон ба далели мавқеияташ дар қисмати гармтарини ҷанубӣ аз ҳосилхезтарин манотиқи Тоҷикистон аст ва саҳми бузурге дар амнияти ғизоии кишвар дорад. Дар ин вилоят дар як сол то се ҳосил ба даст оварда мешавад, ки қабл аз ҳама маҳсулоти кишоварзии полезӣ ва пахтаро дарбар мегирад.
То даҳ рӯзи дигар
Сокинони Хатлон ҳамчунин зикр мекунанд, ки соли равон ба далели тағйироти обу ҳаво ё иқлим, бахусус, сардиҳои бесобиқа марҳалаи хуруҷи малах низ ба ақиб афтод ва имрӯзҳо вазъе ҳукмрон аст, ки соли гузашта дар моҳи апрел иттифоқ афтода буд.
Hаҳбари корхонаи "Экспедитсияи мубориза бо малах"-и Вазорати кишоварзӣ, Нусратулло Нозанинзода ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъи кунунӣ ҳеҷ нигаронии хосе надорад, зеро тадобири мубориза бо малах тибқи барнома рӯи даст гирифта шудаанд.
“Ҳол ки малах сар бардошта, рӯ ба талу теппаҳо овардааст, талоши мо бар ин аст, ки дар ҳамин марҳалаи рушдаш онро нобуд кунем. Марҳалае, ки малах аз тариқи ҷаҳиш пеш меравад. Ҳанӯз даҳ рӯзи дигар вақт аст, ки ба парвоз ояд ва мо дар ин даҳ рӯз мушкилро ҳал хоҳем кард ва ҷилави ҳаракати онро хоҳем гирифт”, - гуфт Нозанинзода.
Оё имкони батамом хатм кардани кори малах нест?
Раҳбари корхонаи "Экспедитсияи мубориза бо малах" мегӯяд, барои нобудии пурраи малах чанд соли дигар кор бояд кард.
“Ҳар сол ки мо онро нобуд мекунем, хоҳ-нохоҳ қисмате аз он ҷон ба саломат мебарад. Тасаввур кунед, як малах кам ё беш аз 60 тухм мегузорад ва то соли дигар тухмҳои он рушд карда, дигарбора фаъол мешаванд”, - гуфт Нозанинзода.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, то 26 апрели соли равон дар 35 шаҳру ноҳияи ҷумҳурии Тоҷикистон дар қариби 127 ҳазор гектар замин мушоҳидаи баҳорӣ гузаронида шуда, дар 44 ҳазор гектар паҳн гаштани малах сабт ва беш аз 37 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ шуд.
Тибқи маълумоти Экспедитсияи мубориза бар зидди малах"-и, ки марбути ин вазорат мешавад, нақшаи коркард майдони 124 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва барои коркарди комиёвӣ 24 трактори дорупошӣ, 11 автомашина, 788 дорупошаки дастиву моторӣ ва 975 нафар коргар эъзом шудаанд.