Ҳушдори КҲФ аз се рӯзи сербориш ва селу раъду барқ

КҲФ дар ин рӯзҳо рафтан ба кӯҳу доманакӯҳҳо ба ҷамъоварии занбурӯғу гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, шикор, чорвочарониву моҳидорӣ дар соҳили обҳоро тавсия намедиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи се рӯзи оянда ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи кишвар дар такя ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад,
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 4-5 май дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои вилояти Хатлон, бахусус навоҳии Хуросон ва Ёвон, ҳамчунин ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ боронҳои шадид меборанд.
"Дар як қатор ноҳияҳо эҳтимоли раъду барқ, шиддат гирифтани шамол бо суръати 15-20 м/с вуҷуд дорад",- ҳушдор додааст КҲФ.
Рӯзи 3 майи дар як қатор НТҶ ва 4-5 май дар аксар ноҳияҳои тобеъи марказ, навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Хуросон ва шаҳри Кӯлоб), ҳамчунин қаламрави ноҳияи Дарвоз омадани селҳо дар назар аст.
Ҳамзамон рӯзҳои 4-5 май баланд шудани сатҳи об бар асари боронҳои пуршиддат дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, эҳтимол дорад.
Селхезӣ дар Тоҷикистон: кадом минтақаҳо ва масирҳо осеб диданд?
Дар робита ба ин, КҲФ аз аҳолӣ даъват кардааст, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, сайру гашт дар қаламрави кишвар худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин, ин ниҳод, ба касоне, ки дар деҳот ба сар мебаранд, тавсия медиҳад, ки телефонҳои мобилии худро ҳамеша омода нигоҳ доранд, дар ҳоли рух додани ин ё он ҳалати фавқулодда барои кумак муроҷиат кунанд.