"Маҳсулоти стратегӣ": кишти пахта дар Тоҷикистон – арқом

Кишти пахта – тавлиди стратегии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, ки аз маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ мебошад, ҳудуди 90% иҷро шудааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 май – Sputnik. Борону сел ба раванди иҷрои нақшаи кишти пахта дар Тоҷикистон монеа эҷод намекунад.
Ба ҳолати охири апрели соли равон наздик ба 90%-и нақша иҷро шудааст, гуфт сухангӯи вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, Лоиқ Тӯйчиев ба Sputnik Тоҷикистон.
"Дар раванди киштукори пахта ҳеҷ монеае вуҷуд надорад, аз ҷумла селу боронҳо халал эҷод намекунанд ва нақша дар вакти муқаррарӣ иҷро мешавад”, - гуфт Тӯйчиев.
Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ, дар саросари ҷумҳурӣ дар ин муддат дар майдони қариб 165 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки наздики 89-и% нақшаи иҷроро ташкил медиҳад.
Аз ин рақам ҳудуди 108 ҳазор гектар ба вилояти Хатлон, 56 ҳазор гектар ба вилояти Суғд ва қариби ҳазор гектар ба Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ рост меояд.
Барфи баҳорӣ то кай идома меёбаду ба кори кишоварзон чӣ таъсир дорад? Назари коршинос
Тоҷикистон имсол кишти пахтаро дар 186 ҳазор гектар замин ба нақша гирифтааст Соли гузашта ин рақам қариби 176 ҳазор гектарро ташкил мекард.
Аммо тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 344 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки 85%-и нақша - 429,6 ҳазор тон пешгӯӣ мешуд.
Соли равон дар мавриди ҳаҷми ҷамъоварии ҳосил ҳанӯз пешгӯие нашудааст. Пахта тибқи анъана яке аз маҳсулоти асосии кишоварзии Тоҷикистон мебошад, ки таърихан дар баробари алюминий колои калидии содиротӣ ба шумор меравад.