ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Русия дар Донишгоҳи славянӣ дар Душанбе санҷиш мегузаронад, ки аз риояи қонунгузории меҳнат то самаранокии молиявиро фаро мегирад.
Ба иттилои Вазорати маорифи Русия, санҷиш марҳилаи аз 1-уми январи соли 2022 то 25-уми майи соли 2024-ро фаро мегирад.
Таъкид шудаст, ки санҷиши сартосарии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар доираи нақша амалӣ мешавад.
"Айни замон Вазорати маориф ва илми Русия санҷиши ҳамаҷонибаи комили нақшавии самтҳои алоҳидаи фаъолияти донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ)-ро дар давраи аз 1 январи соли 2022 то 25 майи соли 2024 анҷом медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Ба нақша гирифтааст, ки қонунӣ ва самаранокии истифодаи маблағҳои аз буҷети Русия додашуда барои донишгоҳ санҷида шавад.
Аз ҷумла маблағҳое, ки барои дастгирии молиявии барномаи рушд, амволи аз ҷониби Русия додашуда ё аз ҳисоби маблағҳои Русия барои донишгоҳ харидашуда мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳанд гирифт.
Хариди мол, кор, хизматрасонӣ, риояи қонунгузории Русия дар бахши меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Донишгоҳи славянӣ санҷида хоҳанд шуд.