ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Тағйирёбии ҳарорати ҳаво ва барфрезӣ дар доманакӯҳҳо эҳтимол то ду рӯзи дигар идома хоҳад дошт.
Инро сардори Маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд, Абдувалӣ Ҳомидов ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
Дар деҳаҳои навоҳии Деваштич, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнию шаҳри Панҷакент барфрезӣ ба амал омад. Аз наворҳое, ки корбарон аз деҳаи Басманда дар ноҳияи Деваштич ба Sputnik Тоҷикистон ироа намуданд, дида мешавад, ки барф бо шиддат меборад.
Ҳоло дар навоҳии доманакӯҳи шимоли Тоҷикистон айёми гулкунии дарахтон ва кишти зироатҳо фаро расидааст.
Сардори Идораи обуҳавосанҷии Суғд, зимни суҳбат тавзеҳ дод, ки барфрезиҳои баҳорӣ ба соҳаи кишоварзӣ чи паёмад боқӣ гузошт.
"Зимистон барф дуруст наборид. Фасли баҳор ҳам бо хушкӣ оғоз шуд ва то ҳамин чанд рӯзи пеш борон дуруст наборид. Боридани барф дар охирҳои моҳи апрел паёмади хуб аст, зеро заминҳоро шодоб мегардонад ва ин ҳолат ба рушду намои рустаниҳо мусоидат мекунад” – шарҳ дод ӯ.
Ин коршинос таъкид кард, ки барфрезӣ ба гули дарахтон зарар надорад, зеро алҳол ҳарорат гарм аст.
Дар ҳамин ҳол масъулони Идораи кишоварзии Суғд гуфтанд, ки аз чунин тағйирёбии ҳарорат дар рӯстоҳо огаҳ шудаанд. Масъул Абдуазиз Маҳмудзода, зимни суҳбат гуфт, ки то ин вақт ҳеҷ касе аз кишоварзон дар бораи асароти зиёновари барфрезӣ ба онҳо муроҷиат накардааст.
Масъулони Идораи обуҳавосанҷӣ мегуянд, бар асоси таҳқиқи онҳо барфрезиҳо дар доманакӯҳҳои Суғд эҳтимол то санаи 2 май давом кунад.
Деҳқонони суғдӣ изҳори умедворӣ мекунанд, ки аз тағйирёбии иқлим боғу токзорҳо ва замини кишти зироати онҳо эмин хоҳанд монд.