Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Украина истифодаи Abrams-ҳои амрикоиро қатъ кардаст

Кори ҳарбиёни Русия дар майдони набард бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин танкҳои амрикоиро осебпазир карда, маҷбур ба ақибнишинӣ намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Украина аз истифодаи тонкҳои Abrams, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико додааст, худдорӣ мекунад, навиштааст Associated Press бо истинод ба мақомоти низомии амрикоӣ.
Манбаъ сабаби ин корро ба фаъолияти ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия рабт додаст, ки тонкҳои амрикоиро дар майдони ҷанг хеле осебпазир кардааст.
"Танкҳо ҳоло аз хатти ҷабҳа хориҷ карда шуданд ва Иёлоти Муттаҳида бо украиниҳо барои тағйир додани тактикаи истифодаи онҳо кор хоҳад кард, гуфт муовини раиси ситоди муттаҳида адмирал Кристофер Греди. Як намояндаи вазорати дифоъ низ, ик нахост номаш ифшо шавад, инро таъйид кард", - омадааст дар матлаб.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Идомаи ҳамлаҳои муваффақи нерӯҳои Русия дар Донбас
Истифодаи густурдаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар майдони набард маънои онро дорад, ки "ягон замини кушод вуҷуд надорад, ки шумо метавонед онро бидуни тарси ошкор шудан убур кунед", гуфт як мақоми баландпояи Пентагон, ки номаш ошкор нашудааст.
Дар охири моҳи сентябри соли 2023 Ҷон Кирби, ҳамоҳангсози иртибототи стратегии Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед эълон кард, ки нахустин гурӯҳи тонкҳои амрикоии Abrams ба Украина интиқол дода шуданд. Дар маҷмӯъ ба Киев 31 мошини ҷангӣ ваъда дода шудаст.
Тавре расонаҳои амрикоӣ эътироф карданд, дар ду моҳи охир дар Украина дастикам панҷ танки Abrams аз кор мондаанд. Илова бар ин, низомиёни Русия даҳҳо Leopard-и олмонӣ, Challenger-и бритониёӣ ва AMX-10RC-и итолиёвиро нобуд кардаанд.