Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Шойгу таҳдиди асосӣ ба Осиёи Миёнаро ном бурд

Дар Остона нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҷараён дорад ва дар он вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо низ ҳузур дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Таҳдиди асосӣ дар Осиёи Марказӣ аз гурӯҳҳои радикалии террористии воқеъ дар Афғонистон аст.
Дар ин бора вазири дифои Русия, Сергей Шойгу, дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона изҳор дошт.
"Дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиди асосӣ ҳамоно аз гурӯҳҳои радикалии террористии воқеъ дар Афғонистон аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, вазъ дар ин ҷо мушкил боқӣ монда, манбаи густариши терроризму ифротгароӣ маҳсуб мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талошҳо барои барқарор кардани мавқеъҳои пас аз хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон дастдодаро дар Осиёи Марказӣ ва ҷанубиро тақвият додааст, афзуд Шойгу.
Дар сӯҳбат бо ҳамкасбон аз кишварҳои узви СҲШ Шойгу изҳор дошт, ки мушовирони хориҷӣ дар ташкили тахрибкорӣ, ки Украина дар қаламрави Русия анҷом медиҳад, ширкат мекунанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Украина истифодаи Abrams-ҳои амрикоиро қатъ кардаст
Банақшагирӣ ва омодасозии чунин чорабиниҳо бо иштироки бевоситаи машваратчиёни хориҷӣ сурат мегирад.
"Тақрибан ҳар рӯз бо ризоияти пинҳонии Ғарб Киев аз силоҳҳои дарёфткардааш истифода мекунад, то ба инфрасохтори ғайринизомӣ осеб расонад", - гуфт ӯ.
Маълумоти иктишофӣ дар вақти воқеӣ интиқол дода мешавад, омӯзиши кадрҳои низомии Украина ба роҳ монда шудааст, мутахассисони низомии ғарбӣ ва зархаридон дар минтақаи ҷанг қарор доранд.
Рӯзи ҷумъаи 26 апрел дар Остона нишасти вазирони дифоъи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҷараён дорад. Дар чорабинӣ масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаи вазоратҳои дифоъ дар формати СҲШ баррасӣ мешаванд".